-Дар зиндагӣ сари ҳар қадам бо ҳодисаҳои нохуш рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Анҷоми ҳар ҳодисаи нохуш ба сари вақт расонидани кӯмаки тиббӣ вобастагӣ дорад. Мо дар назар дорем ёрии аввалини тиббиро. Масалан беэҳтиётӣ кардему ягон ҷои баданамон сӯхт. Чӣ бояд кард? Оё касе аз наздиконамон ба мо ёрии аввалини тиббӣ расонда метавонад? Худи мо чӣ? Гумон мекунем дар ин бора ба хонандагон додани маълумот аз манфиат холӣ нест.
Дар мавриди аз ягон чизи тасфон, аз ҷумла оби ҷӯш, сӯхтани пӯст вақтро аз даст надода ҷои осебёфтаро зуд зери ҷумаки оби хунук гиред. Чи қадаре бештар истед (10-15 дақиқа) ҳамон қадар хуб аст. Дар натиҷа сӯзиши ҷои сӯхтагӣ паст мешавад. Агар ҷои сӯхтагӣ чандон калон набошад пас метавонед ба болои он латтаи тарро гузоред. Латтаро ба қадри гарм шуданаш боз дар оби хунук тар карда аз дигар гузоштан лозим аст. Ин амалро метавонед то пурра таскин ёфтани дард идома диҳед. Агар баъди сӯхтан рӯи пӯст обила накарда бошад (яъне фақат сурх шуда бошад) пас метавонед ба он ҷо арақ, спирт ё атр молед. Сипас ба болои он ягон латтаи тозаро гузошта бандед. Латта ба пӯсти осебдида ворид шудани микробҳоро пешгирӣ менамояд. Беҳтар аст, ки латтаро пеш аз истифода бо дарзмоли тафсон дарзмол кунед.
Вале агар дар сатҳи пӯст обилаҳо пайдо шуда бошанд, пас ба ҳеҷ ваҷҳ ба он ҷо спирт намолед. Як қабат латтаи хушк гузоред кофист ва обилаҳоро ҳам кафондан манъ аст. Бо ин кор эҳтимол дорад, ки ба захм микробҳо роҳ ёбанд. Оқибати инро бояд худи шумо хуб дарк кунед.
Кӯмаки аввалин дар сурати ба пӯст расидани моддаҳои сӯзонандаи кимиёӣ, масалан кислотаи сулфат, дигар аст. Пеш аз ҳама кӯшиш кунед, ки он моддаро аз рӯи пӯст дур созед, вале на бо пахта ё латтаи тар! Бо латтаи тар пок кардани ҷои иллатёфта боиси ба пӯст чуқуртар ворид шудани унсурҳои сӯзонандаи моддаи кимиёӣ мегарданд. Беҳтараш ҷӯмаки оби хунукро калон кушода, ҷои осебдидаро 15 -20 дақиқа ба зери он гузоред. Маълум, ки дар сурати бо об ҳамроҳ шудан, таъсири гармии кислота меафзояд (хусусан агар об кам бошад), вале аз ин наҳаросед. Оби бисёр имкон медиҳад, ки кислота аз сатҳи пӯст дур шуда таъсири он кам гардад. Пас аз тоза шудани кислота ҷои зарардидаро бо маҳлули ишқорӣ, масалан бо собун ё маҳлули содаи нӯшокӣ (дар як истакон об як қошуқча),шустан лозим аст.
Бояд таъкид кард, ки об дар ҳама ҳолатҳо мушкилкушои шумо нест, чунончи дар мавриди сӯхтан аз оҳаки ношукуфта. Дар натиҷаи таъсири мутақобилаи об аз оҳак гармии зиёд ҳосил шуда имкон дорад, ки ба пӯст зиёни пештар расад. Беҳтар аст дар чунин ҳолатҳо аз равғани растанӣ истифода кард.
Агар аз беэҳтиётӣ ба ягон ҷои баданатон фосфор расад, пас он ҷойро ба даруни об гирифта, боқимондаҳои фосфорро аз рӯи пӯст бо чустак (пинцет) ё ягон чизи ба ҳамин монанд тоза кунед.
Агар мӯҷиби сӯзиш ягон навъи ишқор бошад, пас он ҷойро бо маҳлули сусти сирко ё кислотаи бор (дар як истакон об як қошуқча) тоза кардан лозим аст. Як пора докаро ба ягонтои ин маҳлулҳо тар карда, ба ҷои иллатёфта гузоред.
Фаромӯш насозед, ки дар аснои кадом навъи сӯзише ки набошад, аз давоҳои рангдор ба мисли зелёнка, йод, маргансоф истифода накунед. Агар ба духтур муроҷиат кардан рост ояд, пас ранг имкон намедиҳад, ки дараҷаи сӯхтагӣ аниқ ошкор карда шавад.
Ҳамзамон бо ин мехоҳем огоҳ намоем, ки дар сурати сӯхтанӣ ҷои бештари бадан ва пайдо шудани обилаҳо вақти қиммати хешро сарфи кӯмак расондан дар хона накарда,зуд ба духтур муроҷиат намоед!
Бисёр вақт дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии кор ба чашм ранг ё чизи дигар меафтад. Ранги ба чашм афтодаро бо пахта ё докаи тар мегиранд. Сипас ба як истакон об ним қошуқча кислотаи бор ҳамроҳ карда, ба он чашмро нағз шустан лозим. Бо ин мақсад аз маҳлули нимранги маргансоф ё маҳлули танини сефоиза низ метавон истифода кард. Яке аз ин маҳлулҳоро ба чойники чойдамкунии тоза андохта , чашмро боз мекунанд ва онро рехтан мегиранд. Агар ин доруҳо зери даст набошанд, пас метавонед чашмро зери оби хунуки водопровод доред, ҳамчунин бо чои хунук шустани чашм низ муфид аст. Сипас ба духтури чашм муроҷиат кардан лозим, ӯ ба шумо мефаҳмонад, ки дар оянда чӣ бояд кард.
|