Главная » Файлы » Барои Мактаббачахо » Тибби Кадим Табобат

Ҷоғар
15.10.2014, 20:21

Ҷоғар аз ҷумлаи бемориҳои паҳншудаи ҷумҳурии мо мебошад. Сабаби асосии пайдоиши он дар таркиби об, хок ва ҳаво, яъне ба таври дигар гӯем, дар таркиби ғизо кам будани миқдори йод аст. Организми инсон ҳар рӯз бояд 100 – 200 миллион ҳиссаи грам йод қабул намояд. Дар сурати кам будани миқдори йод ҳормонҳои ғадуди сипаршакл, яъне тироксин ва трийодтиронин ба таври кофӣ ҳосил намешаванд. Дар натиҷа дар организм тағйиротҳои гуногун ба вуҷуд меояд. Ғадуди сипаршакл баъзан чунон калон мешавад, ки ба роҳи нафас, асабҳои гардан ва рагҳои хунгард таъсир мерасонад. 
Муолиҷаи бемории ҷоғар кори духтур аст. Ва бисёр доруҳое, ки аз тариқи телевизион реклама мекунанд, барои пешгирӣ кардани беморианд, на барои табобат. Бинобар ин аввал ба духтури эндокринолог муроҷиат кардан лозим аст. Ӯ бемории шуморо муқаррар карда, дар асоси он табобат мефармояд. Ва аз эҳтимол дур нест, ки духтур ба шумо йодомарин ё ягон давои беҳтари дигар низ таъйин намояд. Ба ҳар ҳол ба худмуолиҷа машғул шудан лозим нест. Ин кор ба зарари худи шумо хоҳад шуд. Зеро кадом доруе, ки набошад, ба ягон узв фоида орад ҳам, мумкин ба узви дигар зиён расонад.
 

Категория: Тибби Кадим Табобат | Добавил: s-82
Просмотров: 490 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]