Главная » Файлы » Барои Мактаббачахо » Тибби Кадим Табобат

КАСАЛИИ ҚАНД ВА ИСТИФОДАИ МОДДАҲОИ ҚАНДМОНАНД
15.10.2014, 20:03

Ба ҳамагон маълум аст, ки касалии қанд бинобар дар таркиби хун афзудани миқдори қанд пайдо мешавад. Дар таркиби ғизои беморон якбора кам кардан ва ё тамоман барҳам додани қанд боиси бисёр ноҳинҷориҳо хоҳад гашт. Ин хусусан барои кӯдакон ва наврасон, ки шириниро аз ҳад зиёд дӯст медоранд душвор аст. Бинобар ин дар амалияи тиб солҳои охир истеъмоли моддаҳои қанд торафт афзалият пайдо карда истодааст. 
Моддаҳои қандмонанд гуфта он моддаҳоеро меноманд, ки ба гурӯҳи ангиштобҳо мансуб буда, таъми ширин доранд ва дар организм ба глюкоза табдил намеёбанд ё табдил ёбанд ҳам, ин табдилёбӣ нисбат ба сахароза хеле суст ҷараён мегирад. Ҳамин тавр, моддаҳои қандмонандро метавон ҳангоми тайёр кардани нӯшокиҳои парҳезии ширин, конфет, пичинӣ, вафли, торт, компот, мураббо ва ғайраҳо истифода бурд. 
Моддаҳои қандмонандро метавон ба се гурӯҳ ҷудо кард: спиртҳои қандии бисёратома (ксилит ва сорбит), шириниҳои синтетикӣ (аспартам, сикламат, сукрозит, асесулфам К ва ғайра), қанди мева (фруктоза). Сорбит хокаи ширин ва дар об ҳалшаванда буда, аз ашёи рустанигӣ тайёр карда мешавад. Сорбит каму беш дар таркиби ғуҷуммеваҳо, меваҳо, хусусан рябина вуҷуд дорад. Ксилит моддаи кристаллии ширин буда, дар об нағз ҳал мешавад. Онро аз таркиби ҷуворимакка ва пӯчоқи пахта мегиранд. Барои ҳазм шудани ксилит инсулин лозим нест. Талаботи шаборӯзӣ ба сорбит ва ксилит бояд аз 30 грамм (дар ду ё се навбат) зиёд набошад. Зеро миқдори зиёди он нафақат ба глюкозаи таркиби хун таъсир мерасонад, балки метавонад боиси пайдоиши аломатҳои номатлуб гардад: дамиши шикам, дарунравӣ ва ғайра. Ҳини сӯхтани 1 грамм ксилит ва сорбит 4 ккал энергия ҳосил мешавад. Ксилит ва сорбитро ба ҷои шакар ҳангоми пухтани пичинӣ, торт, мураббо, тайёр кардани қанд истифода бурдан мумкин аст. Ксилит ва сорбит бисёр нишонаҳои қандро доро мебошанд ва дар организми бемор хуб ҳазм мегарданд. Камбудии ин моддаҳо фақат дар баланд будани арзиши онҳо мебошад. 
Моддаҳои қандмонанд глюкозаи таркиби хунро зиёд намекунанд ва нисбат ба қанд садҳо маротиба ширинтар мебошанд. Ва маҳз ҳамин чиз аз бартарии онҳо нисбат ба қанд дарак медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар пухтупаз кор фармудани моддаҳои қандмонанд душвориҳо пеш меорад (аз онҳо компот тайёр кардан осонтар аст). Масалан, аспартамро барои пухтупаз истифода кардан нашояд ва дар як рӯз аз 5-6 қурс (таблетка) зиёд истеъмол кардани он ҳам ҷоиз нест (як қурси аспартам баробари таъми як қошуқча шакар мебошад). 
Сахарин ва асесулфам низ баъзе норасоиҳо доранд ва бисёр истеъмол карданашон номатлуб аст. Чунончи агар гурда ва ё ҷигар мариз бошад истифодаи ин моддаҳо зиён меорад. Дар кадом ҳолате, ки набошад, дар як рӯз аз 3 қурс зиёд истифода бурдани сахарин ҷоиз нест. 
Ҳаминро ҳам мехоҳам таъкид бикунам, ки моддаҳои қандмонанд номҳои дигар низ доранд, масалан, аспартамро сладикст, кандерал, нутрасвит, иквол низ меноманд. Асесулфан К (асесулфани калий) - АСЕ-К, санетт, свит-1 номида мешавад. Сахарин бо номҳои суитен-лоу, свит-10, спринклевит, шугер-твин машҳур мебошад. Сикламатро РИО Гол низ ном мебаранд. Ғайр аз ин як қатор моддаҳои қандмонанди омехта истеҳсол карда мешаванд, ки дар таркибашон сахарин ва сикломат доранд: сюкли, милфорд, сукломат, сусли. Ҳамчунин метавон ба номҳои дигар дучор омад, масалан, ситли, суоли, мокка свит, сукродайт, сурел, хермесетаз. Гуфтан ба маврид аст, ки моддаҳои қандмонанди синтетикӣ нисбатан арзон мебошанд, чунончи нархи РИО Гол (450 қурс) ҳамагӣ 2-3 сомонӣ аст, ки он тақрибан баробари нархи 2 кг қанд мебошад. 
Фруктозаро мисли сорбит ва ксилит дар як рӯз аз 30-40 грамм зиёд истеъмол кардан ҷоиз нест - вай қанди таркиби хунро зиёд карда беморро дарунрав месозад. Гумон меравад, ки ин меъёр хеле кам аст, вале онро агар ба миқдори қанд, пичинӣ, вафли ва дигар шириниҳо гардонем, хеле муфид аст. Бо ин мақсад ба навиштаҷоти қуттии ин моддаҳо эътибор додан лозим аст, яъне бояд донист, ки дар 100 грамми ин моддаҳо чи миқдор моддаҳои қандмонанд вуҷуд доранд (ин рақамҳо аз 20 то 60 граммро ташкил медиҳанд). Дар он сурат муқаррар кардан душвор нест, ки рақамҳои номбурда, масалан, ба 50 грамм шоколад, 100 грамм вафли ва 150 грамм пичинӣ баробар мебошад. 

Категория: Тибби Кадим Табобат | Добавил: s-82
Просмотров: 385 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]