Мумкин аст ба касе ин аҷиб намояд. Вале ин гуфтаҳо ҳақиқате доранд, ки исботро талаб намекунанд. Дар натиҷаи норасоии йод дар организми инсон бисёр бемориҳои ҷиддӣ рух хоҳанд намуд, ки аксари онҳо боиси ташвишу ошуфтагиҳо мешаванд. Мувофиқи маълумотҳои ба даст омада дар ҷаҳон 740 миллион нафар одам гирифтори бемории ҷоғар мебошанд, ки сабаби он норасоии йод аст. Ҷоғар дар 40 миллион нафар одам боиси ихтилоли фикрӣ гаштааст.
Пешгирӣ кардани бемории ҷоғар аз масъалаҳои муҳими давру замон мебошад ва он имрӯзҳо дар 153 мамлакати дунё ба мушоҳида мерасад. Ба таври дигар гӯем дар курраи Замин 1,5 миллиард нафар одамон аз норасоии йод танқисӣ мекашанд. Дар ҷумҳурии мо бошад, зиёда аз 70 фисади аҳолӣ гирифтори чунин иллат мебошад, ки мутаассифона худ аз ин бехабарем. Норасоии йод дар давраҳои аввал нишонаҳои возеҳ надорад, бинобар ин сари вақт ташхис кардани он душвор аст. Норасоии йод дар организм фақат бо сар задани бемории ҷоғар маҳдуд намешавад. Ин иллат ба фаъолияти бисёр узвҳои дигари кӯдакон низ таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз он осебҳое, ки бинобар норасоии йод ба вуҷуд меояд, аз рушди зеҳнӣ ақиб мондани кӯдак аст, яъне ба таври дигар гӯем кӯдаки гирифтори бемории ҷоғар аз ҳамсабақони худ дар хониш қафо хоҳад монд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияе нест, ки аҳолии он дучори хавфи норасоии йод нагашта бошад. Норасоии йодро пешгирӣ кардан мумкин аст. Ва хушбахтона дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳи ҳалли ин масъаларо ёфтаанд: истеъмол кардани намаки йоддор. Чунин кори савоб дар Вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Дар ин мавзеъҳо адади беморони мубталои норасоии йод кам шуда истодааст. Вале вазъият дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон дигар аст. Дар ин ҷо одамон аз намаки кӯҳи Хоҷамӯъмин, ки дар таркибаш йод надорад, истифода мекунанд. Аз ин рӯ адади беморони ҷоғар дар ин мавзеъҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Гумон мекунем, ки чунин ҳолат то он даме ки худи одамон зиёни истеъмоли намаки бейодро нафаҳманд, идома хоҳад ёфт.
Норасоии йод аломатҳои гуногун дорад, масалан зуд асабонӣ шудан, доимо хира будани табъ, хоболудӣ, сустию беҳолӣ ва ғайра. Шахси бемор аз дарди сар, фаромӯшхотирӣ, «фаъолияти сусти майна» азият мекашад. Дар чунин беморон бенизомии кори дил, паст шудани савияи гемоглобин дар хун ба қайд гирифта мешавад. Онҳо аз андак хунук хӯрдан гирифтори бемориҳои илтиҳобӣ хоҳанд шуд, ки сабаби ин суст шудани масуният (иммунитет) аст. Норасоии йод боиси халал ёфтани ҳайз, бенаслӣ ва мастопатия низ мегардад.
Мумкин баъзеҳо баъди хондани ин мақола аз дорухона ягон шишача йод харанду онро ҳар рӯз чакра-чакра ба қанд ё ягон хӯрокии дигар илова карда истеъмол намоянд. Фаромӯш накунед, ки ин кор ба саломатии шумо зарари ҷиддӣ мерасонад. Одам дар тамоми муддати ҳаёти худ ҳамагӣ 3-5 грамм йод истеъмол хоҳад кард, ки баробари як қошуқча аст.
Сабаби асосии норасоии йод бо ғизо ва об ба организм ворид нашудани миқдори зарурии ин элементи химиявӣ аст. Йод барои фаъолияти мӯътадили ғадуди сипаршакл аҳамияти калон дорад. Талаботи шаборӯзии одам ба йод ҳамагӣ 100-200 мкг мебошад (1 мкг баробари аз миллион як ҳиссаи грамм аст).
Дар табиат миқдори асосии йод дар таркиби оби баҳр вуҷуд дорад. Онро дар қабатҳои ҷуқури хок низ метавон мушоҳида кард. Хоки мавзеъҳои кӯҳсор йоди кам дорад. Бинобар ин, миқдори йод дар таркиби растаниҳое, ки дар чунин хокҳо мерӯянд аз меъёр хеле кам мебошад. Ва сабаби дар сокинони мавзеъҳои кӯҳистон бештар ба мушоҳида расидани бемориҳои норасоии йод низ маҳз дар ҳамин аст.
Йод хусусан дар таркиби гӯшти моҳӣ ва дигар маҳсулоти баҳрӣ, аз ҷумла обсабзҳои баҳрӣ бисёр аст. Хоса карами баҳрӣ (ламинария) йоди бисёр дорад. Равғани моҳӣ низ дорои захираи асосии йод аст. Йодро дар таркиби сиёҳалаф ва хурмо, ҳамчунин гӯшту шир метавон мушоҳида намуд.
Саволе ба миён меояд, ки роҳи асосии пешгирӣ кардани норасоии йод кадом аст? Албатта, усулҳои босамари пешгирӣ кардани норасоии йод вуҷуд доранд. Чунончи ба таркиби намак, нон, равған ва дигар хӯроквориҳо илова кардани намакҳои йод. Яке аз роҳҳои самараноки ҷилавгирӣ аз норасоии йод истеъмоли намаки йоддор мебошад. Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ одами солим дар як шаборӯз тақрибан 6 грамм намак истеъмол мекунад. Пас худатон фикр кунед. Магар ба намак илова кардани йод оё роҳи беҳтарини пешгирии ин иллат нест?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти давлатии йоднок кардани намак қабул шудааст, ки мувофиқи он ба 1 тонна намаки ошӣ 40-45 грамм йодати калий ҳамроҳ карда мешавад. Ҳоло дар ҳамаи заводҳои намаки ҷумҳурӣ ин кор ба роҳ монда шудааст. Ва фақат истеъмоли чунин намак имкон медиҳад, ки мо худ ва кӯдаконамонро аз панҷаи бемории ҷоғар ва дигар бемориҳои ба он монанд раҳо диҳем.
Бо мақсади пешгирии фардӣ ва гурӯҳии норасоии йод аз иловаҳои хӯрок, дору ва дигар ашёи тиббӣ истифода мебаранд, масалан поливитаминҳо, доруи йодиди калий- йодид 100 ё 200, йодомарин, антиструмин ва ғайра. Вале ҳаминро мехоҳам таъкид бикунам, ки қабл аз истифодаи чунин моддаҳо ҳатман ба духтур маслиҳат кардан лозим аст.
|