Аз навиштаҳо бармеояд, ки баъзе каромат ва хислатҳое, ки Шайхурраис доштаанд, фақат дар пайғамбарон мушоҳида карда шудааст. Пеш аз ҳама ин ҳомилдоршавии модараш Ситорабону ва дар ҷанини ӯ пайдо шудани Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Мувофиқи ривоятҳо дар ин вақт гӯё дар осмон ситораи дурахшони ғайриоддие пайдо шуда ва таваллудшавии ӯро дарвеше, ки он шаб меҳмони хонадони онҳо буд, ба падараш пешгӯӣ карда будааст. Чи тавре, ки дар Инҷил омадааст, дар вақти таваллуди пайғамбар Исо низ чунин ҳолат рӯй дода буд . Баъди таваллуд Ибни Сино низ ӯ хислатҳои аҷоиб доштааст. Таввалудшавии худро устод чунин шаҳр додааст «Чун аз модар бизодам, аввал зулмотро дидам, баъд рӯшноиро» ё ки давраи навзодиашро чунин навиштааст: « Вақте ки ман зоида шудам, осмонро қитъа-қитъа ва катак-катак медидам». Инро модараш Ситорабону чунин шаҳр додаст. «Вақте ки ӯро бизодам, касе ҳозир набуд. Аз гурба тарсидам, Абӯалиро зери таште кардам ва пас аз он ки шуғли худро кифоят намудам, ӯро аз зери ташт баровадам. Дар вақти навзодиаш барои ҳифзи ӯ аз магасҳо ба рӯяш ғалбер мегузоштам.
То ду солагӣ, ки ҳоло гап зада наметавонист, бисёр чизҳоро мефаҳмид. Дар ин бора ду ривояте ба мо расидааст: Ангуштарини дояи ӯ дар вақти оббозӣ даровардани Абӯалии хурдсол афтида, ба сӯрохии ташт даромад. Гарданбанди модарашро , ки ӯ бозӣ мекард, зоғе гарифта ба сӯрохии дарахте гузошт ва ин боиси гумонбар шудан ва танбеҳ додани канизи онҳо шуд. Ӯ, ки ҳамаи инро дида буд, вақти гапзаниро ёд гирифтанаш дарҳол ба модар ва доя сабаби гумшавии ангуштарин ва гарданбандро гуфта дод ва онҳо дар ҳақиқат ҷои гуфтаи ӯро дида, чизҳои худро ёфтанд ва аз каниз бахшиш пурсиданд. Аз рӯйи ривояти дини пайғамбар Исо низ чунин қобилият дошта, дар вақти дар гаҳвора буданаш гап мезадааст.
Қобилияти шунавоӣ ва биноии Сино ҳам ғайритабиӣ буд. Дар фосилаи бист фарсах садоро мешунид. Ба мисли аз Бухоро истода шунидани садои болғаи оҳангарони Самарқанд ва мисгарони Кошон аз Исфаҳон. Биноии чашмаш чунон зӯр будааст, ки ҳатто доғи сайёраи Уторудро бо чашми оддӣ дида буд. Он масофаеро, ки бо дурбин медидаанд , ӯ бе ягон асбоб медид. Ба мисли дидани чанги нони хушк ва ё магасҳо дар гирди сари савора аз масофаи дур.
Дараҷаи ҳиссиётнокиаш ғайриоддӣ будааст. Барои инро санҷидан боре рафиқонаш ба зери пойҳои курсиаш варақи қоғазро (бо ривояти дигар тангаро) мегузоранд. Ӯ инро ҳис карда мегӯяд: « Ба фикрам имрӯз курсии ман баланд шудааст ва ё осмон каме фаромадааст».
Дорои хотироти хело қавӣ буда ба як бор хондани китоб метавонист онро пурра ва бехато такрор намояд.
Ба ғайр аз ин хислатҳои телепатияро (фаҳмидани фикри одам дар масофа) доштааст. Дар ҳикояе омадааст: Дар хонае, ки чор дар дошт, шоҳ Яминуддавла аз Шайхурраис пурсидааст: «Ман аз кадом дар берун меравам?». Устод инро дар қоғазе навишта мегӯяд: «Инро баъди аз дар баромаданатон хонед» . Бо фармоиши шоҳ дар девор дари иловагӣ канда, ӯ аз он мебарояд ва қоғази устод додагиро мехонад, ки
дар он дарҷ шуда буд: «Шумо деворро канда мебароед».
Дар бораи олимӣ ва табибии Абӯалӣ ибни Сино ҳикоёт ва ривоятҳои бисёре то замони мо омада расидааст, ки ҳамаи онро дар ин мақола қайд кардан ғайриимкон аст.
Ҳамаи кароматҳои ӯро ба назар гирифта яке аз шогирдонаш Баҳманёр ба шайх гуфт: « Бо ин фазилат ва донише, ки ту дорӣ, чаро даъвои пайғамбарӣ намекунӣ?».
Шайх гуфт: «Ҷавоби ин суолро дигар бор хоҳам гуфт». Боре вақти зимистони хунук дар Ҳамадон муаззин азони намози бомдодро гуфта, бо намозхонӣ машғул шуд. Дар ин маврид шайх аз шогирдаш илтимос кард, ки ба ӯ об биёрад. Вале Баҳманёр гуфт: «Ман арақ кардаам, берун хунук аст, бароям, шамол мекашам». Шайх гуфт: « Акнун ба суоли додаи ту ҷавоб медиҳам. Бидон ки пайғамбар касест, ки чаҳорсад сол аз бӯъсати ӯ мегузарад ва нақши ӯ чунон таъсир дорад, ки акнун дар вақти саҳар бо ин шиддати сармо ва яхбандон муаззин дар болои гулдаста санои Худо ва наъти ӯ менамояд ва ман, ки ҳанӯз дар назди ту ҳозирам ва ту аз ҷумлаи хоси манӣ, ба ту арз мекунам, ки шарбати обе бар ман диҳӣ, нафси ман он қадар ба ту таъсир надорад, даъвои маро иҷобат кунӣ, пас чӣ гуна даъвои пайғамбарӣ кунам?».
|