Главная » Файлы » Барои Мактаббачахо » Тибби Кадим Табобат

ГУРДА ХАМ КИСТА ДОРАД
15.10.2014, 20:12

-Поликистози гурдахо бештар бемории модарзоди буда, бо рохи УЗИ ва томографияи компютери ташхис карда мешавад. Ин бемори бисёр вакт бидуни ягон хел дард ва аломат чараён меёбад. Бояд гуфт, ки инкишофи худи кистаро пешгири кардан номумкин аст, вале пайдоиши оризахои онро метавон рафъ сохт. Харакат кунед, ки ба чисми худ зур наоред, то ин боиси афзудани фишори шикам ва бечошавии узвхо нагардад. Дандонхои пусида, яра ва беморихои гулую биниро сари вакт муолича кардан лозим аст. Аз сармо хурдан низ худро эхтиёт кардан лозим. Кушиш кунед, ки дар як руз камаш 5 маротиба пешоб кунед. Агар пешоб тираранг буда, харорат баланд ва дар мавзеи миён дард пайдо шавад, пас бетаъхир ба духтури уролог мурочиат намоед. Дар сурати дар пешоб мушохида шудани хун бистари гаштан лозим аст. Фишори шараёнро хамеша назорат карда истед. Агар тахлили (анализ) хун нишон дихад, ки гурдахо аз ухдаи сафедаи бисёр намебароянд, пас хатман пархез кардан лозим меояд, яъне гушту ширу чурготро камтар истеъмол кунед. Аммо катъи назар аз ин хурок бояд сергизо бошад. Дар сурати манфиат наовардани хамаи ин ва бад шудани саломати гайр аз чаррохи илочи дигар нест. 

 
Категория: Тибби Кадим Табобат | Добавил: s-82
Просмотров: 524 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]