Главная » Файлы » Барои Мактаббачахо » Тибби Кадим Табобат

ФАРБЕХИ ВА ТАЪСИРИ ОН
15.10.2014, 19:59

Хароб шудан орзуи деринаи бисёр бонувон аст. Мутаассифона онҳо роҳи харобшавиро дар парҳези худсарона ва истеъмоли доруҳои гуногуни "замонавӣ" мебинанд, ки ғалат аст. Фарбеҳӣ гуфта дар организм аз меъёр зиёд ғун шудани қабати равғанро мегӯянд. Ва дараҷаи фарбеҳӣ аз рӯи вазни бадан муқаррар карда мешавад.Мутаассифона муаллифи нома дар ин бора маълумот надодааст, яъне мо намедонем, ки ӯ аз чаҳор дараҷаи фарбеҳӣ ба кадомаш тааллуқ дорад. Шояд тану туши ӯ ба вазни баданаш мувофиқ асту худро барғалат фарбеҳ меҳисобад? Бо вуҷуди ин мехоҳем роҷеъ ба ин масъала андаке маълумот диҳем, ҳол он ки дар ин бора мо бисёр навиштаем. 
Сабаби асосии фарбеҳӣ дар организм халал ёфтани раванди мубодилаи моддаҳо аст, яъне ҷараёни ҳосилшавии равған нисбат ба таҷзияи он бартарӣ пайдо мекунад. 
Байни одами "устухонаш калон" ва фарбеҳии дараҷаи аввал ҳадди муайян гузоштан душвор аст. Бисёр мутахассисон сабаби фарбеҳиро дар барзиёдии хӯрду хӯрок мебинанд. Мо ин ҷо тарзи кору бор ва машғулияти рӯзмарраро низ илова карданием. Дар бисёр мавридҳо одамони пурхӯри камҳаракат фарбеҳ мешаванд. 
Фарбеҳӣ беморӣ аст ва онро бояд ба ҳадди эътидол овард. Вале чӣ тавр ва дар кадом мавридҳо? 
Қабл аз ҳама бо маслиҳати ҳар кас ба муолиҷаи худ даст назанед. Дигар ин ки пеш аз сари қарори қатӣ омадан, як бор андеша кунед, ки оё шумо дар ҳақиқат фарбеҳ ҳастед. Ва агар рафту ба ин бовар ҳосил кардед, пас ҳатман барои маслиҳат ба духтур муроҷиат намоед. Фаромӯш насозед, ки дар мавриди хароб шудан, хоҳ - нохоҳ пӯсти бадан ва сару рӯй овезон ё пурчин мешавад. Баҳри бартараф сохтани ин ба шумо зарур аст, ки ба табиби косметолог муроҷиат намоед, чунки усули табобатро ӯ барои ҳар кас ба таври фардӣ интихоб менамояд. Ва дар охир ҳаминро мехоҳем қайд бикунем, ки вақтҳои охир бисёр доруҳои гӯшношунидро, ки гӯё дар 2-3 ҳафта одамро сахт хароб мекарда бошанд, реклама мекунанд. Бе маслиҳати духтур истифода кардани он худмуолиҷакунӣ аст ва ин ба саломатӣ зарари калон дорад.
 

Категория: Тибби Кадим Табобат | Добавил: s-82
Просмотров: 495 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]