Ҳар рӯз истеъмол кардани як истакон шарбати ангури сурх одамро аз бемории сактаи қалб муҳофизат мекунад. Шарбати афнгур рагҳои хунгардро васеъ сохта, ғизогирии дилро беҳтар месозад.
-Ҳар рӯз истеъмол кардани ду истакон шир иллатҳои дилро пешгирӣ мекунад.
-Истеъмоли ғизои пурқувват манбаи асосии бо витаминҳо таъмин шудани дил мебошад, масалан меваю сабзавот, панир, ширтуппа (творог), лӯбиёиҳо, равғани растанӣ
-Ҳар ҳафта ( агар имкон бошад) истеъмол кардани як-ду бурда гӯшти моҳӣ воситаи хуби рафъи сактаи қалб аст.
-Муқаррар шудааст, ки рӯзе истеъмол кардани панҷ дона чормағз умрро ҳафт сол дароз мекунад. Дар таркиби чормағз моддаҳое вуҷуд доранд, ки дилро аз таъсири марговари холестерин ҳифз менамоянд.
-Ҳар рӯз камаш ду маротиба баромадану фаромадан ба ошёнаи шашум эҳтимолияти пайдоиши иллати дилро кам месозад.
-Дар як рӯз истеъмол кардани ҳафт қошуқча мураббои тамашк (малина) дар тӯли нимсол рагҳои хунгардро 2,5 маротиба устувор менамояд. Миқдори зиёди витаминҳои С ва Р, ки девораи рагҳоро мустаҳкам мегардонанд, ҳамчунин осиди салитсилат, ки лахтабандии хунро ба эътидол меорад, тамашкро рақиби бехавфи аспирин гардондааст.
-Шунидани мусиқии хуб ва бофароғат воситаи санҷидашудаи пешгирӣ кардани хурӯҷи бемории зиқи дил мебошад.
-Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, хондани намоз ба мушакҳои дил таъсири мусоид мерасонад. Исбот шудааст, ки ашхоси намозхон ба бемориҳои дил камтар гирифтор мешаванд.
-11 касбу коре вуҷуд доранд, ки ба фаъолияти дил хоҳ-нохоҳ таъсири номатлуб мерасонанд: кайҳоннавардӣ, конковӣ, пулис, ҳавопаймоӣ, муназзимони парвози ҳавопаймоҳо, роҳбарони истеҳсолот,бонк ва фирмаҳо , менеҷерҳо, рӯзноманигорон, духтурони даҳонпизишк, ронандагон, коргарони конвейерҳо. Онҳо ҳамеша стресс ва асабониятро эҳсос мекунанд, ки ба кори дил бетаъсир нахоҳад буд.
-Кашидани сигор рагҳоро танг сохта кори дилро душвор менамояд.
-Андаке хароб ва сабук шудан ба манфиати дил аст. Бо ин мақсад ҳар рӯз камаш 2,5 км пиёда гардед.
|