Чарх задани сар як навъ ҳолати ғайриҳақиқии дар назар ҳаракат кардани ашёи атроф азҷумла ҷисми худи шахс мебошад. Яъне ба таври дигар гӯем, мо эҳсос мекунем ё ба назарамон чунин менамояд, ки замин лаҳзае бо тамоми ашёи худ гардиш мекунад. Дар чунин ҳолатҳо одам калавида, мувозинати худро нигоҳ дошта наметавонад, ҳатто дароз кашад ҳам, шифти хона ва ё осмон дар назараш чарх мезананд. Ҳини чарх задани сар дил беҳузур шуда, мумкин аст шахс қай кунад, ранги рӯй меканад, таппиши набз суст мешавад. Сабаби чарх задани сар халал ёфтани фаъолияти он қисмҳои силсилаи асаб мебошанд, ки кори мувозанати ҷисми моро идора менамояд, яъне кори дастгоҳи мувозанатро, ки дар дохили гӯш ҷойгир аст. Ҳатто дар мавриди ангехтани дастгоҳи мувозанат сарчархӣ метавонад дар одамони солиму тандуруст низ ба мушоҳида расад, чунончӣ вақти якбора рост шудан, дар баландӣ кор кардан, дар киштӣ шино намудан ва ғайра. Чарх задани сар бештар дар он одамоне ба мушоҳида мерасад, ки дастгоҳи мувозанати онҳо ниҳоят ҳассос мебошад. Чунин одамон аз давраи кӯдакӣ ба чархофалак нишаста ё бо банд бод гирифта (ҳой рафтан) наметавонанд. Дар нақлиёт савор шудан низ барои онҳо нохушиҳо меорад.
Дар баробари ин чарх задани сар метавонад аломати баъзе бемориҳо бошад, масалан бемории ғалаёни хун, атеросклерози рагҳои майна, бемории гӯш, лат хӯрдани мағзи сар, заҳролудӣ аз алкуҳул, никотин, ғубори ангишт ва ғайра.
Агар сарчархӣ ҳамеша аз худ дарак дода истад, пас ба духтур муроҷиат кунед. Сустии организм низ боиси чарх задани сар мешавад.
Ба ақидаи бисёр олимони тиб хавфи ба вуҷуд омадани бемориҳои дил дар одамони фарбеҳ бештар аст. Вале ин чунин маъно надорад, ки одамони хароб гирифтори маризиҳои дил намешуда бошанд. Таҷрибаҳо собит месозанд, ки адади фавти ашхоси хароб аз бемории дил мисли одамоне аст, ки вазни зиёдатӣ доранд. Аз бемориҳои дил он ашхосе камтар зиён мебинанд, ки вазнашон мӯътадил аст. Онҳо, одатан ба варзиш машғул шуда, ба хӯрду хӯрок ва реҷаи зиндагии худ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Бинобар ин ҳар яки моро лозим аст, ки баҳри саломатии худ ғамхорӣ кунем ва ба ҳар гуна маълумотҳои нодуруст бовар нанамоем. Саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст.
|