Главная » Файлы » Барои Мактаббачахо » Маколахои Мактаби |
10.12.2014, 21:54 | |
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд, Зиндагиро орзу ширин намуд. Орзуву ормони ҳар як фард, аз даврони кўдакӣ вусъат ёфта, то ба воя, ба камол расидан ва то ба охири лаҳзаҳои ҳассоси зиндагонӣ идома ва инкишоф меёбад. Зиндагӣ майдони набардро мемонаду ҳар одамиро ба оғўши худ кашида мубориз месозад. Муборизи ҳаёт, муборизи манфиатҳои ақлониву зеҳнӣ ва ҷисмонии хеш месозад. Воқеан муборизаҳои тўлонӣ, ҳар инсонро ба орзу мерасонад! Албатта мерасонад, ба шарте ки, ки ба пастиву баландиҳои мавҷи пурталотуми зиндагӣ тобоварда, ба пеш, ба суйи қуллаи мурод шитобад. Зиндагӣ – мисли дарёи пуртуғён буда, инсон дар он мисли сафинаи худшино рў-рўи мавҷҳояш шино мекунад ва дар охир ба баҳри беканори бузург мерезаду омехта мешавад. Ин баҳр – баҳри Ҳикмат аст. Баҳри илму маърифат. Худованд тақдир кунад, ки ин сафинаи марову завҷаи ояндаамро ба баҳри Ҳикмат бирасонад. Ва муҳимтар аз ин, танҳо но умед набояд шуд, ки дар нимароҳаи пайраҳаи зиндагӣ, ҳаёт хоҳӣ монд. Но умед Иблис аст, дигар ҳама умеду армон ба амру фармон ва тақдири Илоҳи баста, барои ободии зиндагӣ, ҳаёти шахсии хеш, оилаи мустақил, мубориза мебурд....
Ин дафъаина сафарам ба Тоҷикистон пурбарор буд, зеро ман бо мақсади ҷамъи маводҳо барои кори Ҳимояи дипломиам равона шуда будам. Аввал ба зодгоҳ рафтам, он ҷо муддати ду ҳафта сукуннат дошта боз ба Душанбе баргаштам, дар ин ҷо муддати беш аз 10 рўз корҳоямро ба анҷом расонида боз тариқи интернет билет ба самти Москав аз Хуҷанд гирифтам, ки ин дафъа ба ман имконият шуд, ки як ҳафтаи дигар дар Исфарамарз бимонам. Дар байн масъалаи хонадоршавиамро падарам кушоданд, ки аҷоиб буд. Ниҳоят рўзи 25-уми апрел соли 2010-ҳум дар хонаи модаркалонам нишаста будам, ки падарм ба ман занг зада хоҳиш карданд, ки ба хона биёяму тариқи фиттаҳои сидди арўсшавандаи ояндаамро интихоб кунам, модарам аз холаи арўсшавандаам Холаи отун Нурия диски кадом арўси тағойидухтари Фариштамоҳро гирифта, хоҳиш кардаанд, ки ман дида мақул кунаму ҷавоби ҳа ё неро диҳам. Номи арўсшафандаам Фариштамоҳ будаасту соли таваллудаш 9 сентябири 1991, рамзӣ аст. Тўйи арўсиро пас аз дидан, Фариштамоҳро мақул кардам. Симояш бароям гарм тофт. Чашмони бодомшаклу қошу мўйҳои сиёҳаш бо андоми сабзина маро ошиқ сохт. Худо кунад, ки тақдир рафта бошад гуфта ба дилам ҳавасҳои ду ҷаҳонро мекардам. Иншоаллоҳ ҷомаи амалӣ пўшонад. Умед бастам ва оҳиста – оҳиста меҳр низ пайдо кардаам. Арӯсшавандаам ба фикрам агар хато накунам, курси аввали факултаи Филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро таҳсил доштааст. Забони хориҷӣ англисиву форсӣ ва забони арабиро омўхта истодаанд, хело хуб аст, ана ба ман низ ёри ахлоқиву фикрӣ ва зеҳнӣ низ пайдо шуд. Худованд тақдир кард, Алхамдулиллоҳ шукру сипоси бе поён! Дар дилам ростӣ орзуҳои зиёд дорам. Ҳар якеро як – як Иншоаллоҳ бо завҷаи ояндаам амали хоҳам сохт бо Фазлу карами Худовани бузург. Воқеан аз хурди ният доштам. Ният доштам, ки соҳиби завҷаи хубу бо тақво шаваму ҳам маро аз назари илму дониш фаҳмаду ҳам аз назари қонуниятҳои мавҷудаи зиндагӣ. Чун банда низ шахси фарҳангӣ шудан мехостам, завҷаам низ шахсӣ бо фарҳанг бошад. Зоҳиран ва ботинан ҳамранг бошад. Хислати нек ва рафтору кирдори неки зан, боиси хонаоободии шавҳараш шуда метавонад. Муҳимтар аз ҳама, зани бо имон, бо намоз, ва Қуръонхону рўзадор ва шарму ҳаёдор ба ман мақул буд, яъне ҳалолро ҳалол дониста ҳаромро ҳаром! Фарзнадон агар дар ин руҳия тарбият ёбанд, Иншоаллоҳ ҷаннатро сазовор мешавем, якҷоя бо завҷаам. Аввалан: фарҳангӣ будани зан ин барои манфиати фарзандони ояндаам аст; Дуввумин: меҳрубонӣ, ҳам маро дўстдошта тавонаду ҳам дустдорӣ хонадон будан ва фарзандонро оянда Иншоаллоҳ дар ҳамин руҳия тарбият кунад. Яъне меҳру муҳаббати фарзандон дар оянда волидайнашонро муаррифи мекунад. Ба қавли зарбулмасалҳои халқӣ: «Падар ва ё модар чи гуна, фарзанд намуна». Саввумин: хислати инсондўстонааш, аввал падару модарро дўстдор ва волидони маро ҳамчун ҳурмат ва ҳамчун дар қатори волидайни худ иззат карда ва икромашонро ба ҷо оварад аст. ва банда низ Иншоаллоҳ иззату икроми занамро ба ҷо меорам. Чаҳоррумин: Катбонугӣ, яъне дар қатори дигар хислатҳои тазаккур ёфта, ин ҳам муҳимтар аст. Пухту паз, хонаву либосамро тоза ва озода нигоҳ дошта тавонад. Шавҳарро бо назари тоза бинад ва хушандому хушлибосии Ў дар байни маърака, катбонугии завҷаро нишон медиҳад. Дарбаробари ин ман вазифадорам, ки Иншоаллоҳ ҳурмату эҳтироми Завҷаи ояндаамро ба ҷо оварда, аз ҷиҳати фикриву зеҳнӣ, меҳру муҳаббат ва моливу пулӣ таъмин созам! Иншоаллоҳ Худовандо бар ман меҳру муҳаббати ўро ҷой кун ва барои ободии оила содиқу бовафо гардони Омин!
Эй он, ки давои дардмандон донӣ, Рози дили мустамандон донӣ. Ҳоли дили хешро чӣ гўям бо ту, Ногуфта ту худ ҳазор чандон донӣ.
Ё раб, ту маро ба ёри дамсоз расон, Овозаи дардам ба ҳамовоз расон. Он кас, ки ман аз фироқи ў ғамгинам, Ўро ба ману маро ба ў боз расон. | |
Просмотров: 573 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |