
Ҷавонмарди тоҷик фирма мекушояд. Рўзи якум дар офис, нав ҳама ҷо ба ҷо шудааст. Ногаҳон дарро ким, ки мекўбад. Ў худро ба кресло партофта гўшаки телефонро мегираду бо овози баланд мегўяд, дароед. Марде дар даст сумка медарояд. Ҷавонмард бо телефон:
-Не имрўз наметавонам, корамон бисёр, клиентҳо бисёр, ман шуморо ба навбат менависам. Баъд гўшаки телефонро гузошта аз марди омада мепурсад:
-Бубахшед, кор бисёр клиентҳо беист занг мезананд, ба шумо чӣ хизмат кунам?
Марди меҳмон дар ҷавоб:
-Ман аз стансияи телефонӣ, омадам телефони офисатонро ба шабака пайваст кунам…
=========
Тумани ғафс. Зане пушти рули мошин ҳеҷ чизро намебинад ва бо габаритҳои мошини дар пеш буда рафтан мегирад. Ногаҳон мошини дар пеш буда меистад. Зан албатта мошини дар пеш бударо мезанад ва аз мошин бо шаст фаромада ба сўи ронанда медавад:
-Ҳой мардак, чаро ту мошинро ногаҳон маън мекунӣ?
-Бубахшед бону, лекин ман ба гаражи худам даромадам.
———————
Дар бозор марде тўтии гўёро мефурўхт, ки дар як пояш лентаи сабз дар дигараш сурх бас-та шуда буд. Марди харидор мепурсад:
-Чаро дар пойҳояш лента-ҳои рангоранг баста шудаанд?
-Агар лентаи сабзро сахттар кашед, бо русӣ сухан мекунад, сурхашро кашед бо англисӣ…
-Агар ҳарду лентаро сахтакак кашам чӣ?
Тути ба ғазаб омада:
-Чӣ мешавад… чӣ мешавад… дар болои сарат а..аа мешавад.
—————
Зан ба шабакаи телевизиони занг мезанад:
-Илтиҷо мекунам, навиштаҷоте, ки аз таг медаванд дигар нишон надиҳед. Шавҳари ман фикр мекунад, ки ин караоке аст, аллакай ба сурудхонӣ даромадааст.
—————
Ин амрикоиҳо аҷоиб дурусткор, босабр ва одамони нек ҳастанд.
-Ҳа, ин ҳатто аз филмҳояшон маълум аст. Боевики хунин, ки дар рафти он як – ду ҳазор одамро ғарқи хун мекунанд. Дар охир навиштаҷоте пайдо мешавад:
-Вақти ба навор гирифтани филм ягон ҳайвон зарар надидааст.
———
Лаби дарё мард бо шаст моҳи тиллоии сеҳрнокро медораду боз озод карда ба об мепартояд. Ҳамин тавр се бор. Бори сеюм моҳичаи тиллоии сеҳрнок тоқат накарда аз ў мепурсад:
-Эй мард чаро ту ҳеҷ чиз талаб намекунӣ, ки ҳастӣ?
- Роман Абрамович…
-Духтур, се моҳ пеш шумо гуфтед, ки ман ревматизм дорам ва бояд аз ҷои намнокӣ худро эҳтиёт кунам.
-Бале, чӣ буд?
-Бигўед, метавонам ман ақаллан соли нав оббозӣ кунам?…
Як навъи қаллобӣ бо телефони мобилӣ пайдо шудааст. Барои пурра фаҳмидан шумо бояд СМС ба рақами 666 равона кунед. Матнашро бо калимаи ЛОХ сар кунед. Агар аз якум бор нашавад, 3-4 бори дигар такрор кунед. (СМС – 1,60 доллар арзиш дорад).
—————
Бачаҳо, моҳи оянда ман ба шавҳар мебароям. Як шабнишинии хурдакак танҳо барои одамони наздик мешавад. Тўҳфа даркор нест. Танҳо ҷавонмардеро биёред, ки маро ба занӣ гирад.
———————
Марде, ки занаш вафот кардааст ба писараш:
-Бачам, мо ин ҷо бо аруси ту маслиҳат кардем. Акнун ў мехоҳад моиндари ту шавад.
—————
Дар зали суд.
-Юнус, чаро вақти хондани ҳукм бояд хезӣ?
-Чунки баъди ин дуру дароз шиштан даркор.
———
-Мардак, ёд дорӣ, тобистон ба шикор рафта будӣ ку?
-бале ёд дорам, чӣ буд?
-Рўбоҳи ту занг зада буд, гуфт, ки ҳомиладор шудааст.
————
Яке аз хешони Пулодбойро дар Афғонистон раиси радио таъйин карданд, пас аз се рўз ўро аз кор холӣ карданд. Аз ў пурсиданд, ки чаро туро аз кор холӣ карданд?
Гуфт:
-Ҳеҷ чӣ, фақат дар байни азон реклама пахш кардам.
————
Ҷаҳонгарди олмоние ба қишлоқи Пулодбойшон омад ва аз ў пурсид:
-Дар қишлоқи шумо чӣ чизи аҷиб ва ё дидание вуҷуд дорад?
Пулодбой гуфт:
-Дар қишлоқи мо марди пири 125 солае аст, ки ҳанўз аз кафи дасти худаш нон мехурад.
Ҷаҳонгард гуфт:
-Ин чизи аҷиб будаст, ман бояд ҳатман бо ў вохурам, чӣ хел ўро бинем?
Пулодбой гуфт:
-Ўро дида намешавад.
Ҷаҳонгард гуфт:
-Чаро?
Пулодбой ҷавоб дод:
-Падараш ўро намегузорад аз хона берун барояд.
———
Пулодбой аз масҷид баромада дид, ки калушҳояш нестанд, ба худаш гуфт:
-Ман кай рафтам, ки худам нафаҳмидам.
————
-Оё ҷанги ҷаҳонӣ мешавад?
-Не намешавад, аммо мубориза барои сулҳ чунон авҷ мегирад, ки ҳама ба хок яксон мешавем.
———
-Бемориҳо аз куҷо пайдо мешаванд?
-Ҳамаи бемориҳо аз асаб, танҳо бемориҳои венерикӣ аз ҳаловат.
———
Агар туро рўи даст гардонанд, пеши қадамат гул пошанд, тўҳфаҳои қиматнок ҳадя кунанд – бедор шав, набошад ба кор дер мекунӣ.
———
Зан шавҳарашро шаб бедор мекунад:
-Носир, ту киро шаб Фарзона гуфта даъват мекардӣ?
-Э! Ту ўро намешиносӣ, ман бо ў дар хобам шинос шудам.
————————
Марҷона хост, ки ба шавҳар барояд, аммо чун ҳар вақта дар истгоҳи «Дўстӣ» баромад.
—————
Марде аз самолёт бо парашют мепарад. Уқобе, ки дар наздаш парвоз мекард, мегўяд:
-Салом раққос!
-Ман раққос не, ман парашютчӣ!
-Гўш кун мард, дар поён чунон хори бисёр, ки ҳам қобилият, ҳам истеъдод тез пайдо мешавад.
————
Рўзона ба ман СМС омад:
-Салом! Ман духтараки хушрўям, рубарўят зиндагӣ дорам, шинос намешавем?
-Қариб талхакаф шавам, чунки хонаи ман дар рўбарўи МОРГ (мурдахона) ҷойгир аст.
———
-Ман бисёр зани раҳмдил ҳастам. Масалан субҳ ба талбанда 10 доллар додам.
-Воҳ! Шавҳарат ба ин чӣ гуфт?
-Дастамро бўсида, ташаккур гуфт, чунки ў худаш буд.
———————
Ду рафиқи дерина вомехуранд:
-Салом чаро ин қадар зиқӣ?
-Дандонам дард мекунад.
-Назди духтур рав!
-Метарсам аз онҳо!
-Набошад ба стансия рав, дандонатро бо ришта ба вагон баста интизор шав. Қатора якбора, ки кашид аз азоб озод мешавӣ.
Баъди дў руз боз вомехуранд:
-Хайр чӣ хел, дандонҳо чӣ хел?
-Сас то кан!
-Шаш дандонатро канд?
-Нееее! Сас вагон! А дандонҳоямро ронандаи қатора зада ғалтонд.
—————————
Пешхизмат давида ба назди мизи меҳмон меояд:
-Хоҳиш мекунам, ки мо-ҳии навакак овардамро тезтар хуред!
-Чаро тезтар?
-Барои он, ки инспектори санитарӣ омад.
——————
Оилаи ҷавон 1 сентябр писарчаашонро ба мактаб ба синфи як равона мекунанд. Формаи мактабии нав, дар дасташ гул… баъди мактаб ўро бо хурсандӣ пешвоз мегиранд. Писарча бо қошу қавоқ даромада сумкаро ба болои диван партофта мегўяд:
-Чаро шумо маро таъқид накардед, ки ин кашмокашак даҳ сол давом мекунад.
—————
Мард дуру дароз бо занаш баҳс доранд. Мард дар охир монда шуда ба занаш мегўяд:
-Майлаш, биё бо гуфти ту шавад…
-Дер шуд, ман аз фикрам гаштам!
————
Мард ба духтараш:
-Ин домодшаванда чӣ қадар даромад дорад?
-Аҷоиб падарҷон! Вай ҳам ҳамин хел савол дар бораи ту дод.
—————
- Ҳамсояҳо тамоман гарангандчи бало! Соати се шаб батареяю деворҳоро мекўбанд. Хайрият ман хоб набудаму гитара менавохтам.
———————
Як рўзи идро бо се рўзи истироҳат қайд кардем.
—————
Барои он ки футболи мо томошобоб шавад, бояд ба гурўҳи тренерҳо иҷозат дода шавад, ки милтиқро бо намак истифода баранд.
—————
Шояд ҳама донанд, ҳайкали машҳури Роден «Фикркунанда» (марди нишастаи урён як дасташ таги манаҳ»)
Ба ман аҷоиб аст, марди урён дар бораи чӣ фикр мекарда бошад -а
_______
Аз рўи хабарҳои охирин, вақте, ки тақвими тамаддуни Майя та-мом мешавад, тақвими Июня сар мешавад.
—————
-Хлеби «Бородинский» ин қадар қиммат аст, чӣ илова мекунанд?
-Шояд, орд…
—————
Мўҳтарам ҷаноби Березовский Б. А.!
Даъвоҳои арзу шикоятии шумо оиди Путин В. В. дида шуд ва қарор баромад. Ба шумо хабар мерасонем, ки Путин В. В. аз вазифа гирифта шуд ва ба вазифаи дигар гузаронда шуд.
———————
Боре Афанди пеш аз ба меҳмонӣ рафтан кафшҳои нав мехарад. То бегоҳ ба ҷои даъватшуда вақт бисёр буд, барои ҳамин Афанди бо бел ба ҷуфти заминаш шурўъ мекунад. Ногоҳ ба пои Афанди мехи калони зангзада мехалад. Аз пои хуншор ва дард Афанди нолишкунон мегўяд:
-Хайрият, ки кафшҳои навамро напўшидам, сўрох шуда безеб мешуданд.
——————
Ду дўст сўҳбат карда истодаанд.
-Имсол ман ба ҷазираи беодаме, ки дар байни уқёнус аст, меравам.
-Чӣ хел зўр! Ба занат ин маъқул мешуда бошад?
-Маъқул аст албатта! Вай бечора дар он ҷо ин қадар вақт зиқ шудагист бе ман…
—————
Муштарӣ аз қаҳвафурўш ме-пурсад:
-Як истакон кофе чанд аст?
-1 сомонӣ.
-Шакараш чанд аст?
-Еҳҳ, шакараш бепул.
-Ин хел бошад, аз ҳамон шакараш як кило ба ман диҳед.
————
Ду рафиқ ба театр ба тамошои филми 3D рафта буданд, дар вақти тамошо якеашон дид, ки ҳайвони бадҳайбате ба тарафи тамошочиён медавад. Ў аз тарс зери курсиҳо даромад, рафиқаш гуфт:
-Эй ҷўра, шармандамон кардӣ ку, охир ин кино аст, кино!
Рафиқаш гуфт:
-Ману ту медонем ин кино аст, ў ҳайвон аст аз куҷо медонад?
————
Мард ба мағозаи либос даромада ба фурўшанда мегўяд:
-Бубахшед, шумо метавонед костюми зарди ҷилодорро аз витринаи берун гиред?
-Ҳозир ҷаноб! Як дақиқа.
-Ташаккур, -гуфта мард ба берун мебарояд. – қувват надорам дигар ба ин даҳшат нигоҳ кунам.
Мардро бо ҳар хел савол ба ҷушу хуруш набиёред, набошад ў буғ мешавад.
————
Дар пойгаҳи «Формула-1» ғалабаро маршруткаи-1, ки но-гаҳон ба роҳи пойгаҳ баромад бурд кард.
———————
Баррандаи телевизион ним соати аввал бо даҳшат: шахта кафидааст, дар садама 10 одам мурд, нархи бензин қиммат шуд, хатари обхезӣ ва заминҷунбӣ, дар шаҳр маняк пайдо шудааст… Дар охир бо овози маҳину табассум, дар ким кадом боғи ҳайвонот ким кадом фил бехатар ба саломатӣ филбача таваллуд кардааст, – гуё, ки акнун ман бояд ором шавам.
—————
Беморхона. Ҳамшираи шав-қат ба духтур:
-Духтур, бемори 7-ум палата аҳволаш дақиқа ба дақиқа бад шуда истодааст.
Духтур бо ғазаб ба ҳамшира мегўяд, ки чунон ноумедона гуфтан лозим нест. Бояд чунин гуфт:
-Бемор аз ҳафтум палата фикр мекунад, ки аҳволаш бад шуда истодааст.
Рўзи дигар ҳамшира бо овози оромона ба духтур мегўяд:
-Духтур, бемор аз 7-ум палата фикр мекунад, ки ў мурдааст…
—————
Мураббияи чавони богчаи бачагон дар автобус ба марди ру ба ру нишаста табассум мекунад. Мард аз ин табассум ба хайрат омада саволомез абрувонашро мебардорад
-Ох, ба назарам чунин намуд, ки шумо падари яке аз бачахои манн хастед.
__________
Зан,ки дар хонаи модараш истирохат мекард, ба шавхараш баркия фиристод
-Фаромуш накун, ки ту –шавхар асти?
Пас аз як руз чавоб омад!
-Бубахш, баркияат дер омад!
_______________
Субх зан мардашро мехрубонона бедор мекунад:
-Субхат ба хайр,харгушак! Хез, Гурбачаяк. Охир бедор шав, Офтобак…
Дар чавоб мешунавад:
- Ман имруз мохиям, ман пой надорам ва ба хеч кучо намеравам!
___________
Бегохи зану шавхаре нишаста филми дахшатнокро тамошо мекарданд. Ногахон дар экран махлуки дахшатнок пайдо шуд.
Зан:
-Ох модарчон!
Мард:
- Бале дар хакикат монанд…
____________________
Зан:
-Имруз якбора ду мард дар автобус аз чояшон хеста ба ман чой доданд.
Шавхар:
-Гунчиди?
_____________________
ГАИ дар рох дина маро гаранг кард. Барои чи, мегуяд, рулаш аз тарафи чап нест?
-Рост мегуяд охир!
-Рост? Ман мататсикл дорам, мошин не !
7.Духтари навакак шавхар кардаги борои якум мургро дар «духовка» мпазад. Шавхараш мургро гирифта мегазаду хайрон мешавад:
-Мазааш ким-чи хел… Ба шикамаш чи пур карди?
-Занаш:-Хостам пур кунам,чо набуд
________________
Котиба ба хизматчи гуфт:
-Албатта гуфта метавонам, ки манн чи хел ба гирифтани иловапули ноил гардидам, аммо гумон надорам, ки ин рох ба шумо мувофик бошад…..
_____________
Амакчон, ба шумо рахмат барои он найчаи дар зодрузам тухфа кардед!
-Кучои вай киммт !хамаги ба 80 дирам харида будам.
Аммо падару модарам хар шаб ба ман 1 сомони медиханд, ки най навозам.
_______________
Горатгар дар кучаи беодам марди солхурдаеро дощт:
-Кани зуд пулхоятро бароварда ба манн те! –талаб кард у.
- Ба ман даст нарасон!-тахдид кард мард:
- Ман коркуни хукумат!
-А-а! Ин хел бошад,пулхои маро бароварда те!
______________
Зане ба дугонааш телифони шикоят мекунад:
-Намедонам чи кор кунам: ду сол пеш шавЬарам ба Дубай рафт, акнун телифон карда мегуяд,кибо харду фарзандонам ба пешаш равам.
-Чи фикр мекуни ? Рав охир?
-Гап дар сари он,ки акнун ман 4 фарзанд дорам!
__________________
Ду дугона нишастаанд, яке ба дигар мегуяд:
-Люся, кактусхо дар тиреза барои он,ки мардхо ба хона надароянд?
-Не. Барои он, ки аз хона набароянд.
_______________
Хой писар ту дар боги ман чи кор мекуни?
-Мефахмед тагочон, як себ аз дарахти шумо афтид ва ман мехостам, ки уро дар чояш часпонам.
___________
Ман мошинаи чомашуии шуморо барои таъмир мегирам.
-Ман чи?
-Шумо аллакай ба таъмир намеарзед….
__________
Салом алейкум, шумо нонхуракхоро нобуд мекунед?
-Бале, вале ин пул меистад…
-Пул проблема нест, лекин ман як хохиш дорам, -хамааш бояд монанди ходисаи нохуш бояд бошад.
-Садамаи автомобили мешавад?
________
-Вася! Ту метавонисти, ки барои дусти бехтарини худ дар мухлати як мох 100 доллар пул карз дихи?
-Албатта метавонистам! Лекин ман ин хел дуст надорам!
_________________
Марде полезеро дида монду халтаро аз китфаш гирифта, даромада, то нимаш турб ва ба болои он сабзи канда андохт.Акнун халтаро мебардорам гуфта истода буд, ки сохиби полез омада монд ва аз халта як то як то сабзи бароварда ба сари мард задан гирифт.Сабзи дарди бедаво буд, баъд навбати турб мерасид.Мард, хар боре, ки сабзи ба сараш мезад, турбро дар назар дошта:
-Охираш ба хайр шавад, охираш ба хайр шавад! – мегуфт.
_______
Марде бедор шуда дид, ки шахсе дар байни хона истодааст, пурсид:
-Ту ин чо чи кор мекуни?
-Хофизи мекунам.
-Овозат намебарояд-ку?- пурсид мард.
-Овозро пагохи мешунавед,- гуфт он шахс.
Мард курпаро ба сараш кашида бахузур хоб кард.Зани мард сахари бедор шуда, дид, ки хама чизро рубучин карда, гирифта рафтаанд, доду фарёд сар кард.
Мард чи ходиса руй доданашро фахмида гуфт:
-Ачаб марди ростгуе будааст, гуфта буд-а: «Овозро пагохи мешунавед.»
___________
Зане деги хамсояашро талабид ва баъд аз ду руз ба он дег дегчае хамрох карда бурда доду гуфт:
-Дегатон зоид ин бачааш.
Хамсоя хурсанд шуд.
Зан бори дигар аз хамсоя дег талабид, аммо ин дафъа бурда надод.Хамсоя, ки ин дафъа низ бачадор шуда омадани дегашро чашмдор буд, омада дегашро талаб кард.Зан гуфт:
-Дегатон мерд.
-Хеч гах нашунидаам, ки дег мурда бошад, -гуфт хамсоя.
-Магар шунида будед, ки дег мезояд?! – гуфт зан.
___________
Як шиноси Мушфики, ки одами сарватманд буд бемор шуд.Мушфики беморбини рафт.Шиносаш ба у панчох танга доду:
-Чун ман беморам наметавонам намоз бихонам.Хар руз панч вакт намозатонро ду карат хонеду як караташро ба ман бубахшед ,-гуфт.
Мушфики бист тангаро гардонда доду узр пурсид:
-Хобам сахт, ба намози бомдод хеста наметавонам, хуфтан нарасида хобам мебарад, барои се вакт намоз си тангаатон кофист.
_________________
Марде болои хараки пеши дари хавлияш мавиз хурда нишаста буд, ки як хамгузараш омада пурсид:
-Хамсоя, чи мехуред?
-Не, намешавад,- гуфт мард.
-Ин чи хел чавоб?!- пурсид хамгузараш.
-Чавоби дуруст, -гуфт мард.
-Чи хел дуруст, ки аз гапатон хеч чиз фахмида намешавад,-гуфт хамгузараш.
-Агар бисёр фахмидан хохи, мегуям- ту пурсиди, ки ман чи мехурам, агар ман мавиз гуям, « камакак те» мегуфти, ман мегуфтам, ки « худаш кам» ту боз мегуфти, ки « акалан ду донаяк», ман « не намешавад» мегуфтам, чавобро кутох карда, «не намешавад» гуфтаму мондам.
______________
Марде аз сафар бармегашт, торик шуд, ба хонаи як шиносаш даромад.
Шиносаш одами хасис буд, хеле гап доду баъд чойгах партофта:
-Бахузур хоб кунед, шабатон хуш,- гуфта баромада рафт.
Аз гуруснаги хоби мард намебурд, ноилоч хеста дарро так-так кард.Шиносаш аз дарун:
-Чи шуд?- гуфта пурсид.
-Дуто нон даркор, – гуфт мард.
-Дар ин нимишаби нона чи кор мекунед?- пурсид шиносаш.
-Таксари паст, хобам набурда истодааст, нонхоя ба тагаш мемонам, – гуфт мард.
__________
Зани марде хомила буд.Як шаб дард гирифт.Шавхар момодояро чег заду чарогро даргиронда дошта истод.
Хануз момодоя як кудакро чо ба чо накарда, «ваа» гуён кудаки дигар ба дунё омад, момодоя вайро гирифта кучо монам гуфта фикр карда истода буд,ки садои кудаки сеюм баромад.Шавхар саросема чарогро кушт.
-У, мардак, шумо чи кор кардед?! – гуфт момодоя хайрон шуда.
____________
Чукча зан гирифтан хост.Бо одати махалли худ модар ва хешу таборонаш занеро, ки руи вайро харгиз надида буд, барои у хостгори карданд.Ин зан сиёхи даванг, доги нагзакдор, чутур, баднамо ва бадху буд.Баъд аз гузаштани айёми никох ва туй занак аз Чукча пурсид:
-Хешу таборимардинаи шумо бисёр будаанд, шумо ба ман фахмонед, ки кадоми инхо махраму кадомашон номахраманд, то ки аз номахрамашон гурезам?
-Факат аз ман гурез, дигар хар киро хохи, дидан гир !- гуфт Чукча.
______________
Марде зан гирифт, занаш расо баъди чору ним мох зоид.Шавхар хайрон шуда ба занаш гуфт:
-Хама медонанд,ки бача баъди нух мох таваллуд мешавад, ту дар чору ним мох таваллуд карди-а, чаро ин хел шуд,зан?
Зан гуфт:
-Аз рузи ба шумо расидани ман чору ним мох гузашт-а?
-Ха, – гуфт шавхар.
-Аз рузи мана гирифтани шумо чанд вакт гузашт?- пурсид зан.
-Чору ним мох, -чавоб дод шавхар.
-Пас чору ним моха ба чору ним мох чамъ кунем, чкадар мешавад? –гуфт зан. -Магар нух мох намешавад?
-Нух мох мешавад, тасдик кард, шавхар.Ба инаш акли ман нарасидааст.
_____________
Чукчаро гунахгор карда, пеши хоким бурданд.Гунохаш исбот шуд.Хоким фармуд:
-Бинии уро сурох кунед!
Чукча гуфт:
-Эй хокими одил, ба Худо, ки бинии ман ду сурох дорад, ба сурохии дигар эхтиёч нест!
Хоким хандид ва гунохи уро бахшид.
_____________
Марде камтар пул пасандоз карду ба кучо пинхон карданашро надониста, ба халтачае андохта, ба дарахт баромада, ба шохи аз хама баланд овехт.
Як шахси аз ин вокеа хабардор пулро гирифту ба чояш саргини шутур андохта монд.
Баъди чанд руз ба мард пул лозим шуд, баромада халтачаро гирифта диду хайрон шуда гуфт:
-Ачабо, ба ин дарахт одам базур мебарояду шутур чи хел баромада бошад?
____________
Як марди содда рузи тирамох аз сахро алафи хушк гундошта, ба гов бор карда, баргашта истода буд,ки якбора руи осмонро абр гирифта, хаво хунук шуд.
Вай алафро аз пушти гов нафуроварда даргиронда, гарм шудан хост.Алаф дар як лахза ваггас зада дар гирифта рафт.Гов ба дахшат афтода, бааскунон худро ба чор тараф зад.
- Ой гови ало, агар аклат бошад, зудтар худро ба об парто,- мегуфт мард аз паси гов давида.
Марде ду хар дошт, обдихи бурд.Як хараш об хурду гурехт, хари дигараш аз акиби он тохт.Мард аз пасашон давид, расида натавонист, хархо гайб заданд.Ба махалле расида пурсид, ки аз инчо ду хар нагузаштааст?
-Чи хел хархо?- пурсиданд аз у.
-Як хари об хурдаги, як хари об нахурдаги,- гуфт мард.
___________
Зани тундхуе нимишаби дар хоб дасту по мезад ва фигон мекард.Шавхараш аз хоб бедор карда, сабаб пурсид.
Зан гуфт:
-Хоби баде дидам, гуё ман мурдааму мардум дар тараддуди гуру кафани ман шудаанд.
Шавхар гуфт:
-Ачаб ахмакам ман,ки туро бедор кардаам.
___________
Дар хонаи Мардон шабона чизе ногох гулдуро зада афтид.
Занаш тарсида, бедор шуда, пурсид:
-Мардон, чи гулдурос зад кариб дилам кафида буд?
-Хавотир нашав, чомаи ман, – чавоб дод шавхар.
-Ачабо, чома хамин кадар гулдурос мезад магар?!- изхори тааччуб кард занаш.
-Дар дарунаш худам хам будам-дия !-шарх дод шавхар.
_________
Вакти хоб мард ба зери болинаш корд гузошт.Занаш пурсид:
-Магар дар хобатон метарсед?
Гуфт:
-Шаби гузашта хоб дидам, ки ба сайри харбуза баромадам, ачаб харбузахои хушруй, хайф корд набуд, ки якеро кушта хурам.Мабодо имшаб ба сайри харбуза бароям, корд-зери болин, кофта намегардам.
________
Пурхуреро пурсиданд:
-Дую ду чанд аст?
Гуфт:
-Чахорта нон.
___________
Марде харсавор мерафт, ки аз пешаш суфии деха баромад.Якбора хар чуфтак паронда,хангас зад.Суфи пурсид:
-Ба харатон чи шуд?
-Ин фалокат хамчинсашро бинад, хамин хел мекунад,- гуфт мард.
___________
Духтаре як чавонро ба милисахона кашида оварду:
-Ин беномус аз лабони ман базури буса гирифт,- гуфта ба милиса арз кард.
-Халли ин масъала душворие надорад,- гуфт милиса, ту хам лаб ба лаб бару бусаи ситонидаашро гашта бигир.
___________
Гадое паси дари хавлие омад.Зане садои уро шунида, пеши дар омаду гуфт:
-Ту метавони оши шабмонда хури?
Гадо гуфт: -Худо умратро дароз кунад метавонам.
-Пас бирав ва фардо биё, мо имруз ош мепазем.
___________
Зан дучон буд.Шавхраш хазломез гуфт:-Хайр, завчаи мухтарама, ин дафъа духтарча таваллуд мекардагистед?Писарчаи сесолаашон, ки гуфтугуи онхоро гуш мекард, ба модараш илтичо карда гуфт:-Модарчон ин дафъа мошинча таваллуд кунед.
________
Рузе Насриддин ба минбари масчид баромада гуфт:-Эй, чамоат, оё медонед, ки ман ба шумо чи гуфтани хастам?-Намедонем,- гуфтанд.-Хаминро хам, ки надонед, ба шумо чи гуям?!- гуфта аз минбар фуромад.Як рузи дигар Насриддин боз ба минбар баромада, хамон саволро такрор кард. Чамоат ин дафъа:-Медонем, -гуфтанд.-Медониста бошетон, ба гуфтан ман чи хочат?!- гуфта Насриддин аз минбар фуромад. У ин дафъаи сеюм ба минбар баромада, саволи аввалаашро дода, буд, ки гуфтанд:-Нисфамон медонем, нисфи дигарамон не.Насриддин:-Ин тавр бошад, нисфи медонистагиатон ба нисфи намедонистагиатон гуетон!- гуфта аз минбар фаромада рафт.
_________
Имоме дар мачлисе мегуфт:- Оё мохи Рамазон аз мо ушнуд рафт ё не?Зарифе гуфт:- Бале, хушнуд рафт.Имом гуфт:-Дар чи асос мегуи?Гуфт:- Аз он чо, ки нохушнуд равад, соли дига боз наояд.
_________
Олиме руи миз китоб пахн карда, машгули навиштан буд.Писарчааш пешаш омада дид, ки падараш китобхоро варак зада, чизе менависад.-Дада, чи менависед?- гуфта пурсид.-Китоб,- чавоб дод, олим.-Китоба аз руи китоб менависанд-ми?- боз пурсид бача.-Ха, писарам, -гуфт олим, – аз одам одам меруяду аз китоб китоб.
________
Гадое пеши хасис рафт.Хасис гуфт:- Агар як сухани ман кабул куни, хар чи гуи хохам кард.Гадо пурсид:-Он сухан чист?Гуфт:-Боре аз ман чизе махох, дигар хар чи бигуи мекунам.
__________
Хасисе хоб дид, ки хамсояашро ба кино таклиф кардааст.Бедор шуда гуфт:-Хайрият бедор шудам, вагарна мачбур будам, барои хар дуямон билет харам.
_____________
Мулло мехост зан бигирад.Хамсояхо занеро бисёр таъриф карданд, Мулло надида ошик шуд ва уро никох кард.Шаби аввал арус и харбузае харида ба хона овард.Зан эътироз кард, ки чаро ду харбуза харидааст.Баъд дар сари суфра зан ба у гуфт:-Ин шахсе, ки пахлуи шумо нишастааст, кист?Мулло гуфт:-Хар чиро дуто бубини, айб надорад, хохиш дорам, мани якеро ду то мабини.
________
Зане буд бадандом ва зиштру.Уро ба нобиное доданд.Рузе зан ба шавхараш гуфт:-Афсус, ки чашми ту пушидааст, сурати чун офтоб дурахшон ва рухсори чун гул нозуку тару тоза, чашмони шахло ва абрувони тобони маро намебини.Нобино гуфт:-Дуруг нагу.Пурсид:-Чаро пиндори, ки манн дуруг мегуям?Гуфт:-Агар ту чамоле дошти, ба дасти мани нобино наафтоди.
__________
Каре ба осиё гандум мебурд.Ба лаби обе расид ва мехост, ки он гандумро аз об бигзаронад,
ногох саворе дид, ки аз дурр пайдо шуд, бо худ гуфт:-Чун ин савор бирасад, аввал салом хохам кард,
баъд аз он хохад пурсид, ки ин гандум чанд кило аст?Чун савор бирасид пурсид, ки :-Хой мардак, баландии
ин об чи кадар аст?Кар гуфт:-Алайкум ассалом ва рахматуллоху ва баракотуху.Савор бихандид ва гуфт:
-Сарат бурида шавад.Гуфт:-То ба гардан.Савор гуфт:-Хокат ба дахон.Гуфт:-Хашт ман.
Майзадае шаб ба хона баргашта дар паси дар хобаш мебарад. Саҳарӣ ҳамсараш
ба кор рафтанӣ мешаваду мехоҳад дарро кушояд. Азбаски шавҳараш дар паси дар хобида буд,
баромада наметавонад ва шавҳарашро бедор мекунад.
Шавҳари масташ чашмонашро кушода занашро мебинад ва мегӯяд:
- Шаб дар куҷо будӣ? Аз куҷое, ки омадӣ, ба ҳамон ҷо рав. Халал нарасон. Мон,
ман хоб равам.
____________
Писар аз падар мепурсад:
-Падарҷон, рӯзи бо модарам вохӯрданатонро дар ёд доред?
-Бале, писарҷон. Дар ёд дорам, ҷавоб медиҳад падар.
- Кадом рӯз аст? Боз мепурсад писар.
- Рӯзи нобарор, ҷавоб медиҳад падар.
___________
Марди масте ба милиса занг зада мегӯяд:
- Зудтар оед, Чанбараки мошини маро дуздидаанд.
Пас аз чанде марди маст боз занг мезанаду мегӯяд:
- Наоед. Ман ба нишастгоҳи қафои мошинам нишастаам.
_______________
Дар беморхона:
Духтур ба назди марде, ки ҷарроҳӣ шудааст медарояду мегӯяд:
- Бахшиши зиёд, дирӯз ман ҳангоми ҷарроҳӣ намудани шумо дар даруни шикаматон
дастпӯшакҳоямро фаромӯш кардаам. Лозим мешавад, ки боз шуморо як бори дигар
ҷарроҳӣ кунам.Бемор ҷавоб медиҳад:
- Ташвиш накашед. Беҳтараш ман ба шумо пули дастпӯшакҳоятонро медиҳам. Раведу
навашро харед.
______________________
Зане ба духтур муроҷиат карда мегӯяд:
-Вақтҳои охир ба писарам чизе шудааст. Рӯзи дароз дар назди хона нишаста қумбозӣ мекунад.
- Ҳеҷ гап не, шумо ташвиш нашавед. Ҳамаи писарбачаҳо дар ин синну сол қумбозӣ мекунанд,
мегӯяд духтур.
- Ман-ку ташвиш намешавам, лекин занаш мумкин аз хона баромада равад, мегӯяд зан.
____________________
Занги телефони ба радио:
-Ассалому алейкум! Ман имруз аз бозор ҳамёне ёфтам, дарунаш 200$, 1200 сомони ва
шиноснома ба номи Сангов Саид аст. Аз Шумо хоҳиш дорам барои у ягон мусиқии шух монед.
________________
-Мардак бас кун бурутҳотро ранг кардан
-Чи магар маълум аст?
-Дар ту нею, аммо гардани сафеди котибаат дируз сиёҳ буд.
______________________
Ду духтар дар тарабхона нишаста арақ менушиданд. Яке ба дигар муроҷиат карда мегуяд:
- Ҳо ана вай ду занаки ожангзадаро мебинӣ? Даҳ сол пас мо ҳам ба онҳо монанд мешавем.
- Ту чӣ девона шудаи охир вай оина аст!
________________
Духтури дандон ба қабулгоҳ баромада, асаби шуда ин тарафу он тараф рафтуо
мекунад.
-Чи шуд бемори вазнин аст? – мепурсад ҳамшира
- Ҳа мизоҷон серпулу, аммо ҳамаи дандонҳояш сипа-сиҳат.
______________________
- Дар оилаи ман ҳама ба гапи занам амал мекунанд, мегӯяд марде.
- Ту чӣ наметавонӣ ба ин кор хотима диҳӣ? Мепурсанд аз ӯ.
- Чаро наметавонам? Метавонам. Шумо фикр намекунед, барои чӣ дар зери чашмам
сиёҳӣ пайдо шудааст? ҷавоб медиҳад мард.
___________________
Аз сӯҳбати ду мард:
- Ту ба ҷои ман чӣ кор мекардӣ? Шаш духтар дораму ягон домод не, мегӯяд марди аввал.
- Ин дарди ба хайр. Ман бошам як духтар дораму шаш домод. Ту ба ҷои ман чӣ кор
мекардӣ? Ҷавоб медиҳад марди дуюм.
_______________
Назди таваллудхона. Ҳамшираи шавқат дугоникро бароварда ба мард мегуяд:
-Шумо натарсидед, ки соҳиби ин қадар фарзанд шудед?
-Не чаро тарсам.
-Набошад инҳояшро доред, ман барои дутои дигараш равам.
Зан ба шавҳараш мегуяд:
-мардакҷон имшаб хоб дидам, ки ту ба ман ангуштарини калони алмосдор туҳфа
карди, ин чи маъно дошта бошад?
- бегоҳ мегуям ҷонакам, гуфта мард занашро мебусад.
Зан аз хурсанди дар куртааш намеғунҷад бо фикри он ки бегоҳ шавҳараш ба у
туҳфа меорад. У бегоҳ дастурхонро бо хуроки беҳтарин ороста шавҳарашро
интизор мешавад.Бегоҳ мард дар даст қутти ба хона меояд. Зан бо хурсанди
қуттиро кушода даруни он китоби «Тадбири хоб» меёбад.
Дар бемористон сӯхтор сар зад. Мошинаҳои сӯхторнишони омада сӯхторро хомӯш
карданд. Баъд ба назди сардухтур омада ҳисобот медиҳанд.
- Се кас қариб қурбони шавад. Дар таҳхона ёфтем. Ду касро таъҷилан ёри расонда
ба худ овардем, аммо сеюмаш афсус…
Сардухтур аз ҳуш меравад, ӯро ба худ оварда мепурсанд: — Чи шуд?
- бачаҳо охир он ҷо МОРГ буд.
_____________
Ана ин хела вирус пеш ман надоштам! – гуфт домод вақте, ки назди компютер
хушдоманро дид.
__________________________
Робия чи хел бо шавҳарат зиндаги доред? Аз ҳам ҷудо дар ҳар хона хобед.
- Ҳеҷ гап не, агар ӯ маро хоҳад , ҳуштак мекашад.
- Агар ту хоҳи чи?
- Ман рафта мепурсам, «Ту ҳуштак кашиди ҷонакам?»
_________________
Робия чи хел бо шавҳарат зиндаги доред? Аз ҳам ҷудо дар ҳар хона хобед.
- Ҳеҷ гап не, агар ӯ маро хоҳад , ҳуштак мекашад.
- Агар ту хоҳи чи?
- Ман рафта мепурсам, «Ту ҳуштак кашиди ҷонакам?»
_____________
Мард ба китобхона омада мегӯяд:
- Бубахшед! Ман аз Шумо дирӯз китоб гирифтам бо номи «Чи тавр 1 миллион пул
метавон кор кард», аммо нисфи саҳифаҳо нестанд.
- Хайр чи! Ним миллион ҳам бад нест.
_________
Модар писарчаашро аз боғчаи кӯдакон, ки ҷашни солинави доштанд, гирифта
мепурсад:
- писаракам чаро ҳамаи рӯят харошидагӣ?
- гирди арчаи калон даст ба даст тоб хӯрдем, аммо кӯдакон кам буданд.
_________
Зане дугонаашро дар сари кӯча диду бо дили нохоҳам гуфт:
-Канӣ ба хона гузаред як чой нӯшем.
Дугонааш дар ҷавоб гуфт:
-Не ҳоло вақт надорам ягон рӯзи дигар.
-Ҳамин не гуфтанҳои шумо ба гӯшам бисёр мефорад- да дугона.
______________________
Корманди тамаъкоре ба назди сардор даромада гуфт:
-Хӯҷаин, имшаб хоб дидам, ки шумо ба ман раҳматнома ва мукофоти пулӣ додаед.
Сардор гуфт:
-Раҳматномаро нигаҳ дору пулро ба муассиса баргардон, ки алҳол мо ба он сахт
эҳтиёҷ дорем.
_______________________
Сардор як нафар корманди муассисаро назди худ даъват карда гуфт, ки аз болои ӯ
ариза афтод, дар ариза гуфта шудааст, ки ӯчанд зан дорад.
-Ин тӯҳматро кӣ навиштааст?- гуфта ғавғо бардошт корманди муассиса.
-Занатон,- ҷавоб дод сардор.
-Кадомаш?-пурсида монд ӯ беихтиёр.
_____________
|